Соли 1984 тибқи лоиҳаи дастаҷамъонаи меъморони Узбекистон Серго Сутягин, О. В. Легостаева, С. И. Соколов, С. Н. Романов, Р. С. Ниёзалиева ва муҳандис А. С. Бресловский бунёд шудааст. Бино дар маркази шаҳри Душанбе, дар шафати соҳили «Кӯли ҷавонон» ҷой гирифта, намои асосии он ба сӯи кӯчаи Исмоили Сомонӣ нигаронида шудааст.
Ҳар ду бинои кох, ки бо қолаби бетони монолитӣ сохта шудаанд, ба заминларзаи 9-балла тобоваранд. Бинои калони «Кохи Борбад» мудаввари махрутшакл буда, дар қисми боло шерозаи нақшин дорад, ки хонаҳои сангини ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистонро ба хотир меоварад.
«Кохи Борбад» аз 2 қисм: миёнсаройи дуошёна ботолори хурд, толори калони киноконсертии амфитеатрмонанд (бо 2300 ҷои нишаст) ва утоқҳои хидматрасонӣ иборат аст. Толори калон барои намоиши ҳама гуна филм, консертҳои эстрадӣ, фестивалу форум, машварат ва дигар тадбирҳои ҷамъиятию сиёсӣ таъйин шудааст.
Меъморону муҳандисон зимни тартиб ва таҳияи лоиҳаи «Кохи Борбад» хусусиятҳои расму таомули миллиро ба эътибор гирифта, кӯшидаанд, ки байни ин бино ва ёдгориҳои меъмории ниёгони тоҷик монандӣ вуҷуд дошта бошад.
Бо таҷҳизоти зарурӣ аз қабили дастгоҳҳои равшанидиҳанда, тарҷумаи нутқ, системаи муосири акустикӣ-стереофонӣ муҷаҳҳаз аст. Утоқҳо барои ҳунармандон ва ҷои махсус ‒ фарши гирдгардон барои оркестр дорад.
Соли 2003 ба муносибати баргузории Форуми байналмилалии «Оби тоза» (таҳти сарпарастии СММ) бинои «Кохи Борбад» таъмиру тармим гардид.
Кушодани толори консертӣ дар маркази ш. Душанбе - ҳамчун маркази фарҳангии пойтахт
Модернизатсияи васеи толор бо насби таҷҳизоти муосир
Илова кардани толори анҷуман ва фазои намоишгоҳӣ
Маркази пешсафи фарҳангӣ бо беш аз 20 чорабинӣ дар як сол